Иҷрои нақша дар ҶСК «Ангишт”- 112%
Хуҷанд, 29.01.2015. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Дар коргоҳҳои истихроҷи ангишти вилояти Суғд истихроҷи ангишт сол аз сол зиёд мегардад. Тавре ки ба “АМИТ Ховар” аз маъмурияти коргоҳи Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи “Ангишт”-и шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара иттилоъ доданд, ангиштканони ҷомеаи меҳнатии коргоҳи мазкур дар давоми соли 2014 — 56,2 ҳазор тонна ангишт истихроҷ намуданд, ки ин нишондод нисбат ба нақшаи муқаррар гардида 6 000 тонна ва дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2013 беш аз 4,500 тонна зиёд буда, дар маҷмӯъ 112%-и нақшаи солонаро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, нақбканони коргоҳ дар ин давра дар масоҳати 3000 метри тӯлонӣ корҳои роҳкушоиву нақбканиро ба анҷом расониданд, ки ин рақам дар муқоиса бо соли қаблӣ 315 метр зиёд мебошад. Дар маҷмӯъ, дар давоми соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 13 млн. 450 ҳазор сомонӣ баробар гардид.
Бояд зикр намуд, ки дар ҷамъбасти фаъолияти соли 2014 ҶСШК “Ангишт”-шаҳри Исфара барои нишондиҳандаҳои хуб дар самти ба раванди истеҳсолот ҷорӣ намудани техникаву технологияҳои нав ва дар ин замина зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар миқёси кишвар, корхонаи беҳтарин шинохта шуда, аҳли ҷомеаи ин коргоҳ бо ифтихорномаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ сарфароз гардид. Дар ин замина, дар коргоҳ баҳри беҳгардонии раванди кор ва ба ин васила истихроҷи ангишт соли гузашта, роҳбарияти коргоҳ бо ҷалби мутахассисони дохилии коргоҳ як обкашаки асосии конро пурра аз таъмири асосӣ бароварда, дар ин замина барои зиёд намудани истихроҷи ангишт ва сифати он ба маблағи 157 ҳазор сомонӣ ангишткашаки зеризаминии нав харид.
Инчунин баҳри дастрасии саривақтии мардум ба хариди ангишт, бо ташаббуси роҳбарияти коргоҳ дар худуди вилоят 26 нуқтаи ангиштфурӯшӣ ташкил шудааст, ки то имрӯз наздик ба 55 ҳазор тонна ангишт ба фурӯш рафтааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 10 800 тонна зиёдтар мебошад.
Хотиррасон мекунем, ки алъон дар миқёси вилояти Суғд 8 коргоҳи ангиштканӣ фаъолият дорад, ки 3-тои он дар ноҳияи Айнӣ, 2 коргоҳ дар ноҳияи Панҷакент ва Исфара ва 1 коргоҳ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҷойгир аст.
Аз ин шумора коргоҳҳои ҶСК “Ангишт”- ноҳияи Исфара ва “Фон-Яғноб”-и ноҳияи Айнӣ аз зумраи калонтарин конҳои истихроҷи ангишт дар шимоли кишвар маҳсуб меёбанд.








Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд






