Идрорпулӣ ба 3275 донишҷӯи донишгоҳ

Январь 10, 2015 10:37

Душанбе, 10.01.2015. (АМИТ «Хоар», Рафоати Абдулҳамид).-Тавре ки дирӯз дар нишасти матбуотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зикр шуд, донишҷўёне, ки давраи аввали сессияи санҷишию имтиҳониро дар вақти муайяншуда супориданд, ба гирифтани стипендия мушарраф гардиданд. Баъди ҷамъбасти сессияи санҷишию имтиҳонӣ аз 6034 нафар донишҷў 3275 (54,2%) нафар донишҷў ба гирифтани стипендия мушарраф гардид.
Теъдоди умумии хатмкунандагон аз рўи ҳамаи ихтисосҳо ва шаклҳои таҳсил, ки донишгоҳро хатм намуданд, 3129 нафар, аз ҷумла 2257 нафар шуъбаи рўзона ва 872 нафарро хатмкунандагони шуъбаи ғоибона ташкил мекунад. Ҳамчунин 178 нафар донишҷў донишгоҳро бо дипломи аъло ва 91 нафар тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  хатм намуд.

Январь 10, 2015 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!