Ифтитоҳи 14 маркази омӯзишӣ дар Суғд
Хуҷанд, 08.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар соли 2014 дар вилояти Суғд аз ҷониби Кумитаи Имдоди имом Хумайнӣ 14 маркази омӯзишӣ ташкил шуд.
Тавре ки ба хабарнигори мо дар вилояти Суғд роҳбари намояндагии бахши суғдии Кумитаи Имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон Фирдавс Ашӯрматов иттилоъ дод, дар давоми соли сипаригашта бо ҳиммати Раёсати Кумитаи Имдод дар вилояти Суғд бо роҳандозии ҳамаҷонибаи раиси Кумитаи Имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайид Мехдӣ Ибодӣ ва бо ҳамдастии раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ 14 коргоҳи омӯзишӣ рӯи кор омад, ки дар анҷоми соли 2014 теъдоди чунин коргоҳҳои фаъол ба 36 адад расид.
Ба гуфти манбаъ, соли 2014 бахши кумитаи мазкур дар асоси шиори «Эҳёи шуғли хонагӣ» корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст.
Аз ҷумла, баҳри эҳёи ҳунарҳои миллӣ барои занони деҳот ва шаҳр 7 маркази ройгони омӯзиши қолинбофӣ ва сӯзанидӯзӣ роҳандозӣ шудааст, ки бо ин васила наздик ба 400 нафар зан аз тариқи омӯзиши ройгон соҳиби касб гардид
Ҳамзамон баҳри ҳунаромӯзии ҷавонон дар соли сипаригашта дар марказҳои кумитаи мазкур наздик ба 4 ҳазор ҷавони вилоят ба омӯзиш фаро гирифта шуд.
Ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва оғози фаъолияти саҳмдорони хоҷагиҳои навтаъсис дар ин муддат ба 180 нафар шаҳрванд қарзҳои имтиёзноки бефоиз низ дода шуданд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






