Ихтисосҳои радиоэкология, мероси хаттӣ, усулҳои физикию химиявӣ дар ДМТ

Январь 12, 2015 16:11

Душанбе, 12.01.2015. (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Соли ҷорӣ 5 нафар омўзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мукофотҳои гуногун, аз ҷумла, 2 нафар бо мукофоти давлатии медали «Хизмати шоиста», 1 нафар бо ордени «Шараф, дараҷаи 2» ва 2 нафар устоди ҷавон бо ҷоизаи ба номи «Исмоили Сомонӣ» сарфароз гардонида шуд.
  Шурўъ аз соли 2014 бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ворид гаштан ба фазои ягонаи таҳсилот ихтисосҳои амалкунандаи шуъбаи рўзона, ғоибона ва магистратураи донишгоҳ пурра ба низоми таҳсилоти кредитӣ гузаронида шуданд, зикр кард дар нишасти матбуотӣ проректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдусалом Миралиев ва афзуд, ки ин ниҳод аз оғози соли нави таҳсил 2013- 2014 дар мувофиқа ба Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ихтисосҳои радиоэкология, мероси хаттӣ, усулҳои физикию химиявӣ ва асбобҳои назорати сифати маҳсулот, фарҳангию  ҷаҳонӣ ва ватанӣ, фолклор, аудит ва ревизия, санҷиши судӣ, тарҷумаи бадеӣ ва  ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ кушода шуда, қабули донишҷўён ҳам дар гурўҳҳои буҷавӣ ва ҳам дар гурўҳҳои шартномавӣ ба роҳ монда шуд.

Январь 12, 2015 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард