Имзои созишномаҳо байни Тоҷикистон ва БОР
Душанбе, 28.01.2015 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат). Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои созишномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК “Барқи Тоҷик” ва Бонки Осиёгии Рушд (БОР) оид ба лоиҳаи “Пурзӯрнамоии ҳисобкунӣ ва рушди интиқоли қувваи барқ” ба имзо расонида шуд.
Тавре ки дар ин бора аз Вазорати молия хабар доданд, ҳадафи лоиҳа таъмини қувваи барқ ба аҳолӣ ва корхонаҳои саноатии Тоҷикистон тавассути кам намудани талафоти неру аз тариқи баҳисобгирии босифати интиқоли барқ ва инчунин густариш додани иқтидори интиқолии қувваи барқ дар шаҳри Панҷакент, ки аз қувваи барқ танқисӣ мекашанд, мебошад. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳа талафоти неру ба воситаи насби тақрибан 1100 ҳисобкунаки барқӣ то соли 2025 1,5 дарсад кам гардида, норасоии иқтидори интиқоли қувваи барқ дар шаҳри Панҷакент аз байн бурда мешавад, яъне аз 67 мВа (МЕГАВАТ) ба 320 мВа оварда расонида мешавад.
Арзиши умумии лоиҳа — 67,00 млн. долл. ИМА, гранти Бонки Осиёии Рушд- 54,0 млн. доллари ИМА, ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон — 13,00 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Қисматҳои асосии лоиҳа-насби ҳисобкунакҳо, трансформаторҳо ва дигар таҷҳизоти алоқаманд, сохтмони 95 км хатти интиқоли барқ аз зеристгоҳи ноҳияи Рўдакӣ то ба зеристгоҳи ноҳияи Айнӣ бо иқтидори 320 мВа, таҷдиди зеристгоҳи ноҳияҳои Айнӣ ва Рўдакӣ мебошанд.
Гуфта мешавад, ки анҷоми лоиҳа соли 2019 дар назар дошта шудааст. Созишномаи грантиро вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов бо намояндаи Бонки Осиёии Рушд Си.Си.Ю. ва Созишномаи лоиҳавиро раиси ШСХК “Барқи Тоҷик” Рустам Раҳматзода бо намояндаи Бонки Осиёии Рушд Си. Си. Ю. ба имзо расониданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст






