Имзои созишномаҳо байни Тоҷикистон ва БОР

Январь 28, 2015 09:52

Душанбе, 28.01.2015 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат). Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои созишномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК “Барқи Тоҷик” ва Бонки Осиёгии Рушд (БОР) оид ба  лоиҳаи “Пурзӯрнамоии ҳисобкунӣ ва рушди интиқоли қувваи барқ” ба имзо расонида шуд.
Тавре ки дар ин бора аз Вазорати молия хабар доданд, ҳадафи лоиҳа таъмини қувваи барқ ба аҳолӣ ва корхонаҳои саноатии Тоҷикистон тавассути кам намудани талафоти неру аз тариқи баҳисобгирии босифати интиқоли барқ ва инчунин густариш додани иқтидори интиқолии қувваи барқ дар шаҳри Панҷакент, ки аз қувваи барқ танқисӣ мекашанд, мебошад. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳа талафоти неру ба воситаи насби тақрибан 1100 ҳисобкунаки барқӣ то соли 2025 1,5 дарсад кам гардида, норасоии иқтидори интиқоли қувваи барқ дар  шаҳри  Панҷакент аз байн бурда мешавад, яъне аз 67 мВа (МЕГАВАТ) ба 320 мВа оварда расонида мешавад.
Арзиши умумии лоиҳа — 67,00 млн. долл. ИМА, гранти Бонки Осиёии Рушд- 54,0 млн. доллари ИМА, ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон — 13,00 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Қисматҳои асосии лоиҳа-насби ҳисобкунакҳо, трансформаторҳо  ва дигар таҷҳизоти алоқаманд, сохтмони 95 км хатти интиқоли барқ аз зеристгоҳи ноҳияи Рўдакӣ то ба зеристгоҳи  ноҳияи Айнӣ бо иқтидори 320 мВа,  таҷдиди зеристгоҳи ноҳияҳои  Айнӣ ва Рўдакӣ мебошанд.
 Гуфта мешавад, ки анҷоми лоиҳа соли 2019 дар назар дошта шудааст. Созишномаи грантиро вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдусалом Қурбонов бо намояндаи Бонки Осиёии Рушд  Си.Си.Ю. ва  Созишномаи лоиҳавиро раиси ШСХК “Барқи Тоҷик” Рустам Раҳматзода бо  намояндаи Бонки Осиёии Рушд Си. Си. Ю. ба имзо расониданд.
 

Январь 28, 2015 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад