Интиқоли 455 ҳазор мусофир бо поездҳо
Душанбе, 20.01.2014.(АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Имрӯз, 20 январ дар нишасти матбуотии КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” раиси ин ниҳод Комил Мирзоалиев гуфт, ки бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми боркашониву мусофирбарӣ дар давоми сол аз тарафи корхона сабукиҳо пешниҳод шуданд. Бо тоҷирону соҳибкорону кишоварзони ватанӣ барои кашонидани маҳсулоти зуд вайроншавандаи кишоварзӣ аз 20% сабукӣ пешниҳод шуд.
Дар давоми сол бо поездҳо 455 ҳазор мусофир бурда шуд, ки нисбат ба соли 2013 45 ҳазор мусофир кам мебошад.
Дар айни замон, ба самти Русия поездҳои мусофирбари “Душанбе- Маскав” (ҳафтае 3 маротиба), “Хуҷанд — Маскав” (ҳафтае 1 маротиба) ҳаракат мекунанд. Бо сабаби кам будани аҳолӣ ҳаракати поездҳои хатсайри “Душанбе — Конибодом” муваққатан боздошта шуд.
Дар дохили ҷумҳурӣ қатораи наздишаҳрии “Душанбе — Пахтаобод” (ҳар рӯз) ҳаракат мекунад.
Дар давоми сол дар корхонаҳои роҳ 68 вагони боркаш ва 7 вагони мусофирбар аз таъмири асосӣ бароварда шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






