Иштироки Қ. Расулзода дар маросими ба истифода додани хонаҳои гумрукчиён
Душанбе, 22.01.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Имрўз дар рўзи иди касбии гумрукчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар расми мавриди истифода қарор додани бинои нави истиқоматӣ барои кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок кард.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ баъди шиносоӣ бо шароити манзилҳои истиқоматии бинои нав ба кори сохтмончён ва ташкилоту идораҳои дар бунёди бино саҳм гузоштаанд, баҳои баланд доданд.
Тавре ки таъкид шуд, сохтмони бинои мазкур дар шаҳри Душанбе бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар муддати ҳафт моҳ бо тарҳу намои босифати замонавӣ бунёд шудааст. Бинои нуҳ ошёна аз 56 манзили истиқоматии як, ду, се ва чорҳуҷрагӣ иборат буда, ба шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ пайваст мебошад.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ дар ҳузури кормандони мақомоти гумрук нақши ин ниҳоди давлатиро дар таъмини пешрафти иқтисодию иҷтимоии мамлакат бузург арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки новобаста ба мушкилоти зиёди иқтисодию молиявӣ дар соли гузашта гумрукчиёни ҷумҳурӣ иҷрои нақшаҳои ба зимма дошташонро бо мувафаққият таъмин намуданд.
Дар охир аз ҷониби Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ калидҳои манзилҳои истиқоматӣ ба кормандони собиқадор ва мутахассисони варзидаи мақомоти гумрук, ки асосан аз ҳисоби кормандони қатории ин ниҳод буданд супорида шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






