Иштироки осоишгоҳҳои кишвар дар намоишгоҳи сайёҳӣ
Душанбе, 30.01.2015 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Аз 22-юм то 25-уми январи соли равон дар шаҳри Истанбул бо ибтикори Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони беш аз 71 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд.
Тавре ки аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар доданд, бо ташаббуси Консулгарии генералӣ ва дастгирии Шӯрои ҳамоҳангсозии соҳибкорони Тоҷикистону Туркия дар намоишгоҳи мазкур барои Тоҷикистон низ гӯшаи алоҳида кушода шуд, ки дар он бо мусоидати Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони зиёда аз 10 ширкату корхонаи сайёҳӣ ва осоишии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Дар намоиши мазкур осоишгоҳҳои «Зумрад», «Баҳористон», ширкатҳои сайёҳии «Боми ҷаҳон тур», «AAA Tour», «Арзон тур», «Pamir Peaks», «Роҳат тур», «Чилмеҳроб», «Ҷавоҳир» ва «Куҳандиз» иштирок намуда, маводи тарғиботии худро ба маърази иштирокчиён ва тамошобинони намоишгоҳ пешкаш намуданд.
Дар доираи чорабинӣ вохӯрии соҳибкорони ниҳодҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Туркия баргузор гардид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






