Иштироки соҳибкорони тоҷик дар намоишгоҳи ҷаҳонии Маскав

Январь 26, 2015 12:06

Душанбе,  26.01.2015. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих).- Аз  9 т 13 феврал  дар  намоишгоҳи «Экспосентр» — и  шаҳри  Маскав  маводи  ғизоӣ, нӯшокӣ ва ашёи  хом  барои тавлиди он ба  маърази  намоиш  гузошта  мешавад, ки дар он  соҳибкорони  тоҷик  низ иштирок  менамоянд. 
Дар робита бо ин,  охири  ҳафтаи  гузашта  дар Маркази   рушди  савдо ва  дастгирии   соҳибкории   назди Палатаи  савдо  ва  саноати  вилояти  Суғд  бо роҳбарону  намояндагони  корхонаҳои  вилоят мулоқот  анҷом дода шуд.
Иштироккунандагони  ин  чорабинӣ  талабу  шартҳои  намоишгоҳ,  ҳамчунин  масоили ташкилиро  мавриди  муҳокима қарор доданд.
Ёдовар  мешавем, ки намоишгоҳ бо  мусоидат  ва  дастгирии Барномаи  рушди  СММ дар  ҶТ  ва  Палатаи  савдо ва  саноати  кишвар  дар  ҳошияи   лоиҳаи  рушди тиҷорат  ва   дастгирии  соҳибкорон, ки онро Ҳукумати  Финляндия бо маблағ  таъмин  менамояд,  рӯи  кор  оварда  мешавад.
Қобили  зикр  аст, ки ҳамоиши калонтарини  байналмилалии  «Продэкспо» дар Русия  воқеаи  муҳимтарини  ҳарсолаи   бахши  маводи  ғизоӣ  ва  нӯшокӣ  маҳсуб ёфта, беш  аз  20  сол  боз  самти  рушди  саноати  хӯроквории кишварро  муайян  карда,  ба  татбиқи лоиҳаҳои  афзалиятноки  миллӣ   ба  манзури  баланд  бардоштани  дараҷаи  зиндагии  истеъмолкунандагони  Русия  мусоидат  менамояд.

Январь 26, 2015 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!