Истифодаи васоити техникӣ дар ҷараёни таҳсилот
Душанбе, 29.01.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе курсҳои таҳсилотии «Истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар ҷараёни таҳсил» идома доранд.
Тавре ки аз Донишкадаи молиявию иқтисодии Тоҷикистон хабар доданд, омӯзгорон бо истифодаи технологияҳои иттилоотие шинос мешаванд, ки имрӯз механизми муҳимтарини ислоҳоти низоми таҳсилоти маҳсуб ёфта ва мақсад аз онҳо баланд бардоштани сифат, дастрасӣ ба таҳсилот ва самарабахшии он аст.
Зикр шуд, ки ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада бояд васоити техникиро дар ҷараёни таҳсилот истифода намоянд, зеро он барои такмили малакаҳои дониш мусоидат менамояд.
Ғайр аз ин, шунавандагони курсҳо усулҳои истифодаи тахтаи электронӣ ва танзиму истифодаи барномаҳои MS Office, дар шабакаи интернет пайдо намудани иттилоот ва ғайраро ёд мегиранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст






