Касбомӯзии 915 нафар дар соли 2014

Январь 26, 2015 14:23

Душанбе, 26.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Имрӯз иштироки васеи занон дар фаълияти мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ таъмин гашта истодааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2014-4276 нафар ва ё ин, ки 23,1 фоиз, дар мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи он 2730 нафар, ё ин, ки 24 фоиз, аз инҳо кадрҳои роҳбарикунанда 468 нафар ё 15,8 фоиз дар мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ 927 нафар ё 26,2 фоиз аз инҳо кадрҳои роҳбарикунанда 302 нафар ё 21,6 фоиз, дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 619 нафар ё 17,1 фоиз, аз инҳо кадрҳои роҳбарикунанда 258 нафар ё 21,8 фоиз фаъолият доранд.  Ин нуктаро имрӯз, 26 январ зимни нишасти матбуотӣ раиси  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ  Махфират Хидирзода таъкид дошт.
Бо мақсади тақвияти фаъолгардонии нақши духтарон дар ҷомеа, омода намудани духтарони сарвар, тарбияи кадрҳои болаёқат, муайян намудани истеъдодҳои ҷавонон аз ҳисоби донишҷӯдухтарон ва мусоидат намудан ба такомули шахсӣ ва боло бурдани маърифати сиёсию ҳуқуқии онҳо дар назди кумита Шӯрои донишҷӯдухтарон таъсис дода шудааст, ки дар ҳафт бахш фаъолият мекунад. Имсол 11 нафар донишҷӯдухтар ба гирифтани идрорпулии кумита сарфароз гардид. 
«Соли ҷорӣ низ ба масъалаи дастгирии занони соҳибкор диққати ҷиддӣ дода шуда, тавассути грантҳои президентӣ 80 нафар зан дастгирӣ  шуд. Мониторинги гузаронидаи кумита муайян намуд, ки аз ҷониби онҳо 491 ҷойи корӣ ташкил шуда, 915 нафар зану духтар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуд»,- илова намуд М.Хидирзода.

Январь 26, 2015 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст