Корҳои назаррас дар самти фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ
Душанбе, 29.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Соли 2014 дар самти фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.
Тавре ки дар ҳисоботи солонаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар омадааст, дар айни ҳол дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 50 ширкати ватанию хориҷӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар МОИ “Суғд” 22 субъект, МОИ “Данғара” 20 ва МОИ “Панқ” 8 субъект. Аз миқдори умумии субъектҳои бақайдгирифташуда дар айни замон 16 ширкат, аз ҷумла дар МОИ “Суғд” 13 ва дар МОИ “Данғара” 3 ширкат фаъолияти истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва фаъолияти содиротию воридотиро ба роҳ мондааст.
Гуфта мешавад, дар давраи ҳисоботӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ба маблағи умумии 46,0 млн сомонӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, хизматрасониҳо ва фаъолияти содиротию воридотӣ анҷом дода шудааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






