Кумаки Президент ба кормандони милитсия
Душанбе, 09.01.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Вохӯрии вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳайати шахсии шуъбаҳои корҳои дохилии ВКД дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ имрӯз дар толори вазорат оғоз гардид.
ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро зикр намуд, ки мақсад аз доир намудани вохӯрӣ бо ҳайати шахсӣ сӯҳбати озод, мубодилаи афкор ва шунидани андешаҳо иборат мебошад.
Дар идомаи вохӯрӣ вазири корҳои дохилӣ аз дастовардҳо ва баргузории чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ, конфронсҳои байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои варзишӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки аз ҷониби Сарвари Давлат ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ пайваста таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, танҳо дар давоми соли 2014 6 маротиба вохӯриҳо гузаронида ба фаъолияти мақомот баҳои баланд дода шуд.
«Дар навбати худ ҳар яки мо бояд фаъолияти хизматии худро дучанд намуда, сазовори боварии Роҳбари Давлат бошем», — афзуд Р. Раҳимзода.
Сипас, барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо кумаку дастгириҳои Роҳбари Давлат ба ҷузъу томҳои ВКД нақлиёти хизматӣ, хонаҳои истиқоматӣ, замини наздиҳавлигӣ ва роҳхатҳо барои фароғату истироҳати кормандону собиқадорон ба осоишгоҳҳо ва истироҳатгоҳҳо муҳайё шуданд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки барои баланд бардоштани савияи дониш, маҳорату малакаи касбӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавон чорабиниҳои пешгирикунанда гузаронида шаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






