Куштори ҳамсари собиқ бо силоҳи шикорӣ

Январь 21, 2015 09:32

Душанбе, 21.01.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Кормандони милитсия зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ Ҷӯраев Насимҷон Дадоҷонович, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Б.Ғафуровро, ки пештар бо моддаи 135 -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карданд. 
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКД, номбурда 19 январи соли 2015, тахминан соати 17.00-дақиқа дар хонаи истиқоматиаш собиқ ҳамсараш Ҷӯраева Назира Абдулқаҳҳоровна, соли таваллудаш 1973, сокини шаҳри Қайроққумро бо истифода аз  силоҳи шикории тамғаи “ИЖ”, қутраш 16-мм., бе рақам, бе соли барориш, ки бо худ ғайриқонунӣ нигоҳ медошт, ба рӯйяш 2 маротиба тир холӣ кардааст. 
Дар натиҷа шаҳрванд Н.Ҷӯраева, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
 
 
 
 
 

Январь 21, 2015 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад