Мақсад-ободонии маҳали зист

Январь 20, 2015 14:24

Мӯъминобод, 20.01.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони  Хол).-Дар ноҳияи Мӯъминобод  кормандони ташкилоту идораҳо ва сокинон дар марказ  ва деҳоти ноҳия ба ҳашар баромада, дар шафати роҳҳои мошингард беш аз 600 бех ниҳоли  ороишию сояафкан  ва мевадиҳанда шинонида, дар баробари ин   баҳри сабзиши хуби дарахтон бехи дарахтонро нарм карданд.
Дар ҳашар дар баробари дигар ташкилоту муассисаҳо  чавонони ноҳия  бо ҳисси баланди ватандӯстӣ  фаъолона ширкат варзиданд. Ба қавли Абдулло Раҷабов, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва саёҳии ноҳия дар ноҳияи Мӯъминобод саҳми ҷавонон дар корҳои ободонию созандагӣ назаррас буда, соле қабл бо ташаббуси ҷавонон боғи намунавӣ бунёд гардид. Имсол низ онҳо  иқдом гирифтаанд, ки то анҷоми маъракаи ниҳолшинонӣ барои хуррам гардонидани маҳали зист    дар ин тадбир дастаҷамъона иштирок намоянд. 

Январь 20, 2015 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид