Манъи вуруди муҳоҷирон ба ФР ба муҳлати 10 сол

Январь 6, 2015 10:50

Душанбе, 06.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бино ба  иттилои Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ,  Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин қонуни манъи воридшавии муҳоҷиронеро, ки дар қаламрави Федератсияи Русия ба таври ғайриқонунӣ зиёда аз як сол қарор доштаанд, ба имзо расонид. Тибқи ин қонун воридшавии онҳо ба муҳлати 10 сол манъ шуда, ин хабар дар  веб-портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.
Акнун барои онҳое, ки беш аз 270 рӯз дар қаламрави ФР ғайриқонунӣ будубош намудаанд, воридшавӣ ба Русия ба муҳлати  10 сол манъ  мешавад.
Қонуни мазкур аз 12-уми январи 2015 эътибор пайдо мекунад.
Лозим ба зикр аст, ки қаблан роҳбари Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский иброз дошта буд, ки воридшавии хориҷиёнро ба Русия метавонанд ба муҳлати 10 сол манъ намоянд.
 
 

Январь 6, 2015 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид