Мастчоҳ: Мусодираи автомати АКМС
Душанбе, 28.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар деҳаи Сабағи ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Мастчоҳи кӯҳии вилояти Суғд, ки таҳти назорати Комендатураи алоҳидаи сарҳадии «Мастчоҳи кӯҳӣ»-и қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КДАМ ҶТ) қарор дорад, 23-юми январи соли ҷорӣ мувофиқи ахбори пешакӣ, аз тарафи сарҳадбонони тоҷик амалиёти махсус оид ба мусодираи яроқи оташфишони навъи АКМС гузаронида шуд.
Бино ба иттилои Маркази матбуоти қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, шаҳрванд Сафаров Абдураҳим Валиевич, соли таваллудаш 1959, соҳиби 10 фарзанд, истиқоматкунандаи деҳаи Сабағи ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Мастчоҳи кӯҳӣ дар хонааш ғайриқонунӣ яроқи оташфишони навъи АКМС-ро нигоҳ медошт.
Зимни чорабинӣ шаҳрванд А. В. Сафаров аз омадани сарҳадбонон ба хонааш огоҳ гардида, ба онҳо муқобилият нишон дода, яроқро аз махфигоҳ гирифта, ба ҳаво якчанд тир холӣ кардааст. Сарҳадбонон дар ҷараёни иҷрои амалиёт маҳорати касбӣ нишон дода. ҷинояткорро безарар намуданд. Дар амалиёт касе зарар надидааст. Дар натиҷа сарҳадбонон аз хонаи шаҳрванд Сафаров Абдураҳим Валиевич як адад автомати тамғаи АКМС, 3 адад тирдон ва 20 дона тирҳои қутбаш 7,62 мм. дарёфт ва мусодира намуданд.
Дар айни замон шаҳрванд Сафаров Абдураҳим Валиевич дар маҳкамаи муваққатӣ ҷойгир шуда, тафтиш идома дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






