ММТ: чанд донишгоҳу донишкадаи дигар ба низоми тестӣ гузашт
Душанбе, 23.01.2015. (АМИТ Ховар, Ситораи Боймурод).- Ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, ки тавассути Маркази миллии тестӣ (ММТ) доир мешаванд, дар соли 2015 инчунин муассисаҳои таълимии зерин шомил гардиданд:
Донишгоҳи славянии Русия-Тоҷикистон, Филиали донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-и Донишкадаи энергетикии Маскав дар шаҳри Душанбе, Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «МИСИС» дар шаҳри Душанбе, Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд (ба истиснои гурӯҳҳои мақсаднок), Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа (ба истиснои гурӯҳҳои мақсаднок), Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб (ба истиснои гурӯҳҳои мақсаднок).
Дар соли ҷорӣ Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов аз низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бароварда шудааст.
Дар ин бора аз Маркази миллии тестии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ Ховар хабар доданд.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






