Муҳоҷирони меҳнатӣ қарзҳояшонро гирифтанд

Январь 5, 2015 14:48

Душанбе,  05.01.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло  Тоирӣ).- Бо  мусоидати Намояндагии  Хадамоти  муҳоҷирати  ҶТ  дар  ФР  ба  муҳоҷирони  меҳнатӣ  қарзҳои  маошашон баробари  24  миллиону 126 ҳазор рубл пардохта  шуданд. 
Тавре  ки   хадамоти  матбуоти  Намояндагии Хадамоти  муҳоҷирати  ҶТ  дар  ФР  хабар  медиҳад, 23  декабри  соли  2014  бо мусоидати Намояндагии  Вазорати  меҳнат,  муҳоҷират ва  шуғли  аҳолии  ҶТ  дар  ФР  оид ба  муҳоҷират,  шаҳрвандони ҶТ  Нурулло Гулҷонов  ва  Садриддин  Олимов, ки дар  ширкати  «ВАРЗ»  кор  мекунанд,  қарзи  маошашонро  дар  ҳаҷми  439  рубл  дастрас  намуданд.  Ғайр  аз  ин  ба  Дӯстмурод  Ҷалилов, ки   дар Ҷамъияти  масъулияташ  маҳдуди  «Объединение» — и ноҳияи  Одинсово  кор  мекунад,  112 ҳазор  рубл  пардохта  шуд. 
Назар  ба гуфтаи  манбаъ,  сабаби  асосии  сар  задани  чунин  ҳодисаҳо  адами  шартномаи  меҳнатӣ бо  корфармо  мебошад. Корфармоён  аксаран  ба  муҳоҷирони  меҳнатӣ  ваъда  медиҳанд, ки  музди  корашон дар  охири  сол  дода  мешавад,  вале  бо  сабабҳои  мухталиф  онҳо  ба ваъдаашон  на  ҳамеша  вафо  мекунанд.

Январь 5, 2015 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст