Муҳоҷирони меҳнатӣ қарзҳояшонро гирифтанд
Душанбе, 05.01.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо мусоидати Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР ба муҳоҷирони меҳнатӣ қарзҳои маошашон баробари 24 миллиону 126 ҳазор рубл пардохта шуданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР хабар медиҳад, 23 декабри соли 2014 бо мусоидати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират, шаҳрвандони ҶТ Нурулло Гулҷонов ва Садриддин Олимов, ки дар ширкати «ВАРЗ» кор мекунанд, қарзи маошашонро дар ҳаҷми 439 рубл дастрас намуданд. Ғайр аз ин ба Дӯстмурод Ҷалилов, ки дар Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Объединение» — и ноҳияи Одинсово кор мекунад, 112 ҳазор рубл пардохта шуд.
Назар ба гуфтаи манбаъ, сабаби асосии сар задани чунин ҳодисаҳо адами шартномаи меҳнатӣ бо корфармо мебошад. Корфармоён аксаран ба муҳоҷирони меҳнатӣ ваъда медиҳанд, ки музди корашон дар охири сол дода мешавад, вале бо сабабҳои мухталиф онҳо ба ваъдаашон на ҳамеша вафо мекунанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






