Муҳоҷирони меҳнатӣ дар ватан суғурта хоҳанд шуд

Январь 12, 2015 16:14

Душанбе, 12.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ба суоли рӯзноманигорон  оид ба ҳалли мушкилот дар самти нафақагирӣ ва суғуртаи  шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар хориҷи кишвар кор мекунанд, муовини якуми директори Агентии  суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назокат Одинаева дар нишасти матбуотӣ чунин посух дод: 
«Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ  дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон ва  Федератсияи Русия ҳамкори дошта, барои ҳалли ин масъала корҳо бурда истодааст.  Аз тарафи ФР пешниҳод гардид, ки Тоҷикистон  лоиҳаи созишномаи дутарафаро  ироа  намояд. Лоиҳаи ин созишнома бо  вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа шуда, дар айни ҳол ба Ҳукумати ҶТ барои мувофиқа пешниҳод гардидааст.  Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик лоиҳаи созишнома аз тарафи Ҳукумати ҶТ дастгирӣ шуда, ба ФР фиристода шавад. Дар созишнома мо кӯшиш дорем муҳоҷирони меҳнатиро бо нафақа таъмин намоем, то баъди бозгашт  ба ватан ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ  ҳуқуқҳои худро дошта бошад». 
Нисбат ба  суғуртаи муҳоҷирони меҳнатӣ Н. Одинаева посух дод, ки агентӣ кӯшиш дорад, то андози иҷтимоии муҳоҷир ба ҳисобе, ки дар ватан кушода мешавад, гузаронида шавад.  «Баҳс ин ҷо дар мавриди маблағи андоз рафта истодааст, ки суратҳисоби муҳоҷир дар ватанаш кушода мешавад ва ё дар кишваре, ки фаъолият дорад. Ин масъала ҳоло ҳалли худро наёфтааст, —  афзуд Н.Одинаева.
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дорои душаҳрвандӣ мебошанд, имкони  дар ФР нафақа гирифтанро доранд. 

Январь 12, 2015 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад