Муҳокимаи Жириновский дар Думаи давлатӣ

Январь 9, 2015 15:56

Душанбе,09.01.2015. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).-     Кумитаи одоби Думаи давлатии Русия рӯзи 8-уми январи соли 2015 ба хабарнигорони дохил ва хориҷи кишвар эълом дошт, ки раиси Ҳизби либерал-демократи Русия Владимир Жириновский барои як изҳороташ зидди Қазоқистон ва дигар кишварҳои Осиёи  Марказӣ муҳокима хоҳад шуд. 
 Душанбе,09.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар фурудгоҳи Конгоняси шаҳри Сан-Паулои Бразилия болопӯши таваққуфгоҳи ҳавопаймоҳо фурӯ рафт. Дар ҷои  ҳодиса як ҳавопаймо пурра хароб гардида, чанд ҳавопаймои дигар қисман корношоям гардид. Мувофиқи иттилои расонаҳои дохили кишвар аз сабаби боридани барфи  зиёд ин ҳодиса ба амал омадааст. 
  Душанбе,09.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Шаби гузашта дар назди бинои омӯзишгоҳи  Академияи полис дар пойтахти Яман- шаҳри Санъо таркиши шадид ба амал омад. Дар вақти таркиш  45 донишҷӯ ва омӯзгори академияи мазкур ба ҳалокат расонида шуд. Гуфта мешавад, ки  ҷинояткорони номаълум мошини ҳомили таҷҳизоти таркандаро дар назди бинои муассисаи низомии мазкур ҳангоми ба тадрис омадани донишҷӯён мунфаҷир кардаанд. 
Душанбе,09.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Амалиёт оид ба ҷустуҷӯи гумонбарони ҳамла ба нашрияи «Шарли Эбдо» дар шимоли Франсия то ҳол идома дорад. Гуфта мешавад, ки полиси кишвар  хонаҳои сокинони  шаҳрҳои Виляркотре, Крепен-Волаа ва Санлизро тафтиш дорад. Шаби 8-уми январ 9 нафар боздошт шуда, 90 каси дигар  мавриди пурсиш қарор дорад. Имрӯзҳо расонаҳои хабарии ҷаҳон бо эътино ба як ҳамлаи хунсардонаи  террористон ба идораи нашрияи бонуфузи Франсия «Шарли Эбдо» гузоришу маводи таҳлилии зиёдеро ба ин рӯйдоди нангин ихтисос медиҳанд. 
 
 

Январь 9, 2015 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад