Муаллимони Тоҷикистон метавонанд дар барномаи ТЕА иштирок намоянд

Январь 22, 2015 11:24

Душанбе,  22.01.2015. (АМИТ «Ховар»,  Марҳабои  Азамат).- Муаллимони  забони  англисӣ, илмҳои ҷамъиятшиносӣ (таърих, ҷуғрофия, иҷтимоишиносӣ),  риёзӣ ё  илмҳои  табиатшиносии мактабҳои  миёнаи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки  на  камтар  аз  панҷ  соли собиқаи  корӣ  дар мактабҳои  миёнаро  дошта, табааи Тоҷикистон  буда ва дар  он зиндагӣ  мекунанд, метавонанд  дар  озмуни дарёфти идрорпулии Барномаи  такмили малакаҳои тадрисӣ (ТЕА)  иштирок намоянд. Барномаи  мазкур ба  муаллимони  тамоми  ҷаҳон  имкон  медиҳад, ки дар  ИМА  донишашонро  аз рӯи  фанҳояшон  афзун  намуда, малакаҳои  тадрисиро такмил диҳанд. 
Дар  ин  бора аз сафорати  ИМА  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба   АМИТ «Ховар» хабар  доданд. 
Назар  ба  иттилои  манбаъ, иштирокдорони  байналмилалии озмун  фасли  баҳор  ё  тирамоҳи  соли  2016  иборат  аз  ду  гурӯҳ  ва ҳар  гурӯҳ  дорои  75  нафар  ба  ИМА  сафар  мекунанд. 
Тавре ки  аз  сафорати  ИМА  хабар доданд, мӯҳлати  охирини  супурдани  ҳуҷҷатҳо барои довталабон  9 феврали соли  2015 мебошад. 

Январь 22, 2015 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст