Мулоқоти Э. Раҳмон бо муовини вазири мудофиаи Русия
Душанбе, 28.01.2015. (АМИТ “Ховар”). -Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири мудофиаи Федератсияи Русия Анатолий Антоновро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Русия, хусусан барои пурзӯр намудани ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон ва таҳкими омодагии зиддитеррористӣ баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба роҳҳои татбиқи амалии созишномаю тавофуқоти дуҷонибаи Тоҷикистону Русия дар ин самти ҳамкорӣ ва ҳам қарорҳои дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қадулшуда зоҳир гардид.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки тавофуқоти дар сатҳи олии сиёсӣ ва миёни сохторҳои дахлдори ду кишвар ҳосилшуда бояд пурра ва саривақт иҷро шаванд, зеро ба амнияту суботи муътамад дар минтақаи мо Русия ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ ҳам манфиатдоранд.
Гуфтугӯйи судманд доир ба авзои кунунӣ ва дурнамои эҳтимолӣ дар минтақа ва ҷаҳон, хусусан ба ояндаи Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ сурат гирифт.
Таъкид гардид, ки шарикии стратегии Тоҷикистону Русия барои ҳарду ҷониб ва кулли минтақа судовар аст ва аз ин хотир минбаъд боз ҳам таҳким ва густариш хоҳад ёфт.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






