Мулоқоти М. Неъматов бо Раиси Гурӯҳи парлумонии Олмону Осиёи Марказӣ
Душанбе, 31.01.2015 (АМИТ «Ховар»).- 29 январи соли 2015 дар пешманзари баргузории интихоботҳои парлумонӣ дар бинои Бундестаги Олмон мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов бо Раиси Гурӯҳи парлумонии Олмону Осиёи Марказӣ Манфред Грунд ва аъзоёни ин гурӯҳ баргузор гардид.
Зимни сӯҳбат бештар дар атрофи масъалаҳои тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ, зарурати рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон баъди хурӯҷи Қувваҳои эътилоф аз Афғонистон, табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисон табодули назар сурат гирифтанд. Манферд Грунд изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои сарватҳои кашфношуда бо назардошти мавқеи ҷуғрофии худ, инчунин нақшаҳои Ҳукумати кишвар дар самти беҳтарсозии инфрасохторҳои байналмилалӣ имконоти хуб барои ҳамкориҳо бо кишварҳои Аврупоро дорад.
Баргузор гардидани сӯҳбату мулоқотҳои судманд дар тӯли соли ҷорӣ, ҳамчунин сафарҳои мутақобилаи кории гурӯҳи байнипарлумонии Олмон ва Осиёи Марказӣ дар соли 2016 ба нақша гирифта шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






