Мулоқоти П. Давлатзода бо Ш. Шоисломов ва А. Смагулов
Душанбе, 9.01.2015 (АМИТ «Ховар»).- 8 январи соли 2015 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоқосим Шоисломовро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқоте, ки дар фазои анъанавии тафоҳум ва созанда доир шуд, масоили мубрами дуҷониба ва минтақавӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Таваҷҷуҳи хосса ба татбиқи амалии қарордодҳои сарони ду давлат, ки дар мулоқоти онҳо дар ҳошияи Саммити СҲШ дар Душанбе моҳи сентябри соли сипаришуда ҳосил гардид, зоҳир шуд. Ҷонибҳо ба манзури боз ҳам бештар вусъат бахшидани равобити байни ду кишвари ҳамсоя андешидани як зумра тадбирҳоро дар ин самт мувофиқи мақсад донистанд.
Инчунин 8 январи соли 2015 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Агибай Смагуловро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот атрофи масоили мубрами дуҷониба ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Тарафҳо ба сатҳи имрӯзаи муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар баҳои баланд дода, зарурати андешидани тадбирҳои мушаххасро ҷиҳати амалисозии чорабиниҳои дар соли 2015 ба нақша гирифташуда, бахусус омодагӣ ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ таъкид сохтанд.
Мулоқот дар фазои анъанавии дӯстона ва тафоҳум сурат гирифт.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






