Муроҷиати 56 мард ба Кумитаи кор бо занон ва оила
Душанбе, 26.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- «Дар соли 2014 ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ 122 адад аризаи хаттии шаҳрвандон ворид гардида, 1150 адад муроҷиати шифоҳии онҳо аз ҷумла, 56 нафар мард ба қайд гирифта шуд»,- гуфт имрӯз, 26 январ зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Махфират Хидирзода.
Шумораи бештари ин муроҷиатҳо ба масоили мухталиф, аз ҷумла маслиҳатҳои ҳуқуқӣ, кумаки моддӣ, хушунати оилавӣ, моҷарои оилавӣ ва тақсимоти амвол, бекор кардани ақди никоҳ, пайдо намудани ҷойҳои корӣ, таъмин намудан бо ҷои зист, дастрас намудани қарзҳои имтиёзнок, инчунин масъалаҳои тандурустию таҳсил ва ҷойгир намудан дар хона- интернатҳо, хонаи кӯдакон ва дар Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» марбут буданд.
«Дар соли 2014 ба марказҳои иттилоотӣ-машваратии ноҳияҳо 8468 нафар муроҷиат намуд, ки 1600 -тои онҳоро мардон ташкил медиҳанд»,- иттилоъ дод раиси кумита.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






