Муроҷиатномаи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

Январь 21, 2015 09:01

 
Душанбе, 21.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Кумитаи иҷроия ва Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муроҷиатнома қабул кардааст, ки дар он, аз ҷумла омадааст: 
Имрӯз ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, густариши ваҳдати миллӣ, оромӣ ва сулҳу суботи ҷомеа масъалаҳои мубрам ба ҳисоб мераванд. Нақши Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи ин ҳадафҳои муҳим ва тақдирсози ҷомеа ниҳоят бузург буда, ҳар яки моро зарур аст, ки ин арзишҳоро дастгирӣ намоем ва дар татбиқи онҳо ҳиссагузор бошем.
Мо бояд ба қадри осудагӣ, соҳибистиқлолӣ расем, Ватанамонро дӯст дорем ва дар пешрафти он саҳми худро гузорем.
Солҳои охир дар фазои сиёсии сайёра гурӯҳҳои ифротие рӯи саҳна омада истодаанд, ки бо амалҳои зишт ва террору куштори худ ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардаанд. Махсусан дар Покистон, Афғонистон, Ироқу Сурия, Яману Сомалӣ онҳо вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯзаро боз ҳам вазнинтар намуда истодаанд.
Ҳамагон огоҳанд, ки дар назди Худованди бузург ин амалҳои зишт мутобиқ ба оятҳои муқаддаси китоби «Қуръон» гуноҳ ва нобахшиданӣ мебошанд. Боиси нигаронист, ки баъзе ҷавонони мо низ бо роҳҳои гуногун ба ин гурӯҳҳои ифротии тахрибкор ҳамроҳ шуда, ҷони худро дар хатар мегузоранд ва ба куштору ғорат ва дигар кирдорҳои носавоб машғул мешаванд.
Аз он даврае, ки мо бо душвориҳои зиёд нобасомониҳоро паси сар намуда, тавассути сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатЭмомалӣ Раҳмон ва халқи  азизамон роҳи созиш ва оштии миллӣ, роҳи ваҳдатро пеш гирифтем, вақти зиёде нагузаштааст. Барои ҳифзи ин неъмати муттаҳидсоз мо бояд зиракии сиёсӣ, ваҳдати миллиро аз даст надода, дар атрофи Сарвари давлати худ муттаҳид шуда, Тоҷикистонро ободу зебо гардонем.
Бинобар ин имрӯз ҳар як фарди худогоҳи кишвари моро зарур аст, ки саъю кӯшиши хешро дар роҳи хотима гузоштан  ба ин муноқишаҳои фоҷеабор ва марги одамоони бегуноҳ равона намоянд. 
Мо ҷонибдори талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои қатъи ҳарчи зудтари ин фоҷиаҳои зиддиинсонӣ мебошем.
Мо ҳамватанони азиз, шаҳрвандони Тоҷикистон ва падарону модаронро даъват менамоем, ки бо панду насиҳати худ моҳияти башардӯстонаи дини мубини исломро ба фарзандони худ фаҳмонанд, онҳоро ба интихоби роҳи дурусти зиндагӣ ва созандагӣ ҳидоят намоянд, ҳаргиз роҳ надиҳанд, ки фарзандони мо ба ҳар гуна ҳаракатҳои нодуруст ҳамроҳ шуда, ҷони хешро дар хатар гузоранд ва боиси паст кардани шаъну шарафи оила, хешу табор ва Тоҷикистони маҳбубамон гарданд.
 
 
 

Январь 21, 2015 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд