Муроҷиатномаи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон
Душанбе, 21.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Кумитаи иҷроия ва Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муроҷиатнома қабул кардааст, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
Имрӯз ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, густариши ваҳдати миллӣ, оромӣ ва сулҳу суботи ҷомеа масъалаҳои мубрам ба ҳисоб мераванд. Нақши Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи ин ҳадафҳои муҳим ва тақдирсози ҷомеа ниҳоят бузург буда, ҳар яки моро зарур аст, ки ин арзишҳоро дастгирӣ намоем ва дар татбиқи онҳо ҳиссагузор бошем.
Мо бояд ба қадри осудагӣ, соҳибистиқлолӣ расем, Ватанамонро дӯст дорем ва дар пешрафти он саҳми худро гузорем.
Солҳои охир дар фазои сиёсии сайёра гурӯҳҳои ифротие рӯи саҳна омада истодаанд, ки бо амалҳои зишт ва террору куштори худ ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардаанд. Махсусан дар Покистон, Афғонистон, Ироқу Сурия, Яману Сомалӣ онҳо вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯзаро боз ҳам вазнинтар намуда истодаанд.
Ҳамагон огоҳанд, ки дар назди Худованди бузург ин амалҳои зишт мутобиқ ба оятҳои муқаддаси китоби «Қуръон» гуноҳ ва нобахшиданӣ мебошанд. Боиси нигаронист, ки баъзе ҷавонони мо низ бо роҳҳои гуногун ба ин гурӯҳҳои ифротии тахрибкор ҳамроҳ шуда, ҷони худро дар хатар мегузоранд ва ба куштору ғорат ва дигар кирдорҳои носавоб машғул мешаванд.
Аз он даврае, ки мо бо душвориҳои зиёд нобасомониҳоро паси сар намуда, тавассути сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатЭмомалӣ Раҳмон ва халқи азизамон роҳи созиш ва оштии миллӣ, роҳи ваҳдатро пеш гирифтем, вақти зиёде нагузаштааст. Барои ҳифзи ин неъмати муттаҳидсоз мо бояд зиракии сиёсӣ, ваҳдати миллиро аз даст надода, дар атрофи Сарвари давлати худ муттаҳид шуда, Тоҷикистонро ободу зебо гардонем.
Бинобар ин имрӯз ҳар як фарди худогоҳи кишвари моро зарур аст, ки саъю кӯшиши хешро дар роҳи хотима гузоштан ба ин муноқишаҳои фоҷеабор ва марги одамоони бегуноҳ равона намоянд.
Мо ҷонибдори талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои қатъи ҳарчи зудтари ин фоҷиаҳои зиддиинсонӣ мебошем.
Мо ҳамватанони азиз, шаҳрвандони Тоҷикистон ва падарону модаронро даъват менамоем, ки бо панду насиҳати худ моҳияти башардӯстонаи дини мубини исломро ба фарзандони худ фаҳмонанд, онҳоро ба интихоби роҳи дурусти зиндагӣ ва созандагӣ ҳидоят намоянд, ҳаргиз роҳ надиҳанд, ки фарзандони мо ба ҳар гуна ҳаракатҳои нодуруст ҳамроҳ шуда, ҷони хешро дар хатар гузоранд ва боиси паст кардани шаъну шарафи оила, хешу табор ва Тоҷикистони маҳбубамон гарданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






