Мушкилоти асосии телевизион-нарасидани мутахассисони болаёқат
Душанбе, 09.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Яке аз чорабиниҳое, аз ҷониби шабакаҳои телевизион ва радиои зертобеъ васеъ инъикос шуд, ҳамоиши сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай буд. 11 сентябри соли 2014 дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” барномаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ” ва 12 -уми сентябри соли ҷорӣ дар “Кохи Наврӯз” ҳамоиши навбатии Созмони Ҳамкории Шанхай бо иштироки сарони давлатҳои аъзо, кишварҳои нозир ва намояндагони як силсила давлатҳо баргузор гардид, ки аз ҷараёни онҳо гузоришҳои мустақим пахш шуданд,- гуфт Раҳмон Асадулло имрӯз, 9-уми январ зимни нишасти матбуотӣ.
Албатта, мушкилоти асосии тамоми шабакаҳои телевизион ва радиои зертобеъ то ҳол пеш аз ҳама нарасидани мутахассисони болаёқат боқӣ мондааст.
Барои дар сатҳи баланди касбӣ таҳия гаштани барномаҳо дар “Телевизиони Сафина” шароиту имконияти мусоид фароҳам оварда шудааст ва кормандони муассиса кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки намоишу барномаҳоро мувофиқи таъбу завқи бинандаи имрӯз таҳия намоянд. Ҳамин аст, ки чанде қабл барномаи “Сиришт” (оид ба ҳаёт ва фаъолияти камонвар Зебуниссо Рустамова) дар чорумин Фестивали байналмилалии телевизионии “ТЭФИ- Иттиҳод” дар шаҳри Бокуи Ҷумҳарии Озарбойҷон соҳиби ҷоиза гардид ва ба панҷгонаи беҳтарин барномаҳои ҷашнвора ворид шуд.
Муассисаи давлатии “Ҷаҳоннамо” соли 2014 фаъолияти худро асосан ба инъикоси ҷараёни созандагию бунёдкорӣ, ободонии муҳити зист, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба МО ҶТ, ҷараёни омодагиҳо ба чорабиниҳои марбут ба ҳамоиши Сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Душанбе, 3000-солагии Ҳисор, 700-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ, 23-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-умин солгарди Конститутсияи ҶТ, таҳкими худшиносию ватандӯстии мардум ва дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ равона намуд.








Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






