Мушкилоти асосии телевизион-нарасидани мутахассисони болаёқат

Январь 9, 2015 11:47

Душанбе, 09.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Яке аз чорабиниҳое, аз ҷониби шабакаҳои телевизион ва радиои зертобеъ васеъ инъикос шуд, ҳамоиши сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай буд. 11 сентябри соли 2014 дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” барномаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ” ва 12 -уми сентябри соли ҷорӣ дар “Кохи Наврӯз” ҳамоиши навбатии Созмони Ҳамкории Шанхай бо иштироки сарони давлатҳои аъзо, кишварҳои нозир ва намояндагони як силсила давлатҳо баргузор гардид, ки аз ҷараёни онҳо гузоришҳои мустақим пахш шуданд,- гуфт Раҳмон Асадулло имрӯз,  9-уми январ зимни нишасти матбуотӣ.
Албатта, мушкилоти асосии тамоми шабакаҳои телевизион ва радиои зертобеъ то ҳол пеш аз ҳама нарасидани мутахассисони болаёқат боқӣ мондааст.
Барои дар сатҳи баланди касбӣ таҳия гаштани барномаҳо дар “Телевизиони Сафина” шароиту имконияти мусоид фароҳам оварда шудааст ва кормандони муассиса кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки намоишу барномаҳоро мувофиқи таъбу завқи бинандаи имрӯз таҳия намоянд. Ҳамин аст, ки чанде қабл барномаи “Сиришт” (оид ба ҳаёт ва фаъолияти камонвар Зебуниссо Рустамова) дар чорумин Фестивали байналмилалии телевизионии “ТЭФИ- Иттиҳод” дар шаҳри Бокуи Ҷумҳарии Озарбойҷон соҳиби ҷоиза гардид ва ба панҷгонаи беҳтарин барномаҳои ҷашнвора ворид шуд.
Муассисаи давлатии “Ҷаҳоннамо” соли 2014 фаъолияти худро асосан ба инъикоси ҷараёни созандагию бунёдкорӣ, ободонии муҳити зист, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба МО ҶТ, ҷараёни омодагиҳо ба чорабиниҳои марбут ба ҳамоиши Сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Душанбе, 3000-солагии Ҳисор, 700-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ, 23-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-умин солгарди Конститутсияи ҶТ, таҳкими худшиносию ватандӯстии мардум ва дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ равона намуд.

Январь 9, 2015 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд