Мусобиқаи футбол барои Ҷоми «Осоишгоҳи Баҳористон»
Душанбе, 13.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Имрӯз дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд мусобиқаи футбол барои Ҷоми «Осоишгоҳи Баҳористон» шурӯъ шуд. Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, мусобиқаи футбол барои Ҷоми Ҷамъияти саҳҳоми пӯшидаи «Осоишгоҳи Баҳористон» имрӯз, 13-уми январ дар шаҳри Қайроққум оғоз гардид.
Гуфта мешавад, ки дар мусобиқаи имсола дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе), «Хайр» (Ваҳдат), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Эсхата» (Хуҷанд), мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ва ҳайати эҳтиётии «Жетису» (Талдиқӯрғон, Қазоқистон), ки дар Қайроққум ба мавсими нави футбол омодагӣ мебинанд, барои Ҷоми «Осоишгоҳи Баҳористон» то 25-уми январи соли равон мубориза мебаранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






