Нақшаи таъсиси 170 коргоҳи нав дар соли 2015
Хуҷанд,05.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар вилояти Суғд соли сипаригашта 164 адад корхонаи нави хурду бузург бо теъдоди 3172 ҷои корӣ ба фаъолият шурӯъ намуд.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз шуъбаи энергетика ва саноати мақомоти ҳокимияти вилоят иттилоъ доданд, инҳо асосан корхонаҳои соҳаи саноати масолеҳи сохтмон, хӯрокӣ, сабук, маъданҳои кӯҳӣ ва саноати сӯзишворианд.
Аз шумораи умумии коргоҳҳои фаъолгашта 45 коргоҳи саноатӣ дар шаҳри Хуҷанд, 15 -то дар Конибодом, 14 -то Истаравшан, 13 -то дар Мастчоҳ, 12 -то дар ноҳияи Б.Ғафуров, 9 — тогӣ дар шаҳрҳои Исфара ва Қайроққум, 8 — тогӣ дар шаҳри Чкалов ва ноҳияи Ҷаббор Расулов, 5 — тогӣ дар ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент, Спитамен ва шаҳри Истиқлол, 3 — то дар ноҳияи Ғончӣ, 2 — тогӣ дар ноҳияи Шаҳристон ва Ашт ва 1 адад дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ба истифода дода шуд.
Ба гуфти манбаъ, дар идомаи ин раванд дар соли 2015 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тасмим гирифтааст 170 корхонаи нави саноатиро бо 5,3 ҳазор ҷойи нави корӣ ба истифода диҳад.
Бояд зикр намуд, ки алъон дар қаламрави вилоят бунёди як зумра корхонаҳои хурду калон идома дорад. Аз ҷумла, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли сементи “Ғаюр-семент” бо 1000 ҷойи корӣ ва истеҳсоли 1 млн. тонна семент дар як сол, коргоҳи заршўии КМ ”Зарафшон” бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна маъдан дар як сол ва 300 ҷойи корӣ, корхонаи “Броадтек” дар шаҳри Панҷакент барои 300 кас ва ҶДММ «Нуқрафом» дар шаҳри Истиқлол барои коркарди 2000 тонна нуқра идома дорад.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






