Наҷоти 10 нафар аз ҷониби оташнишинон

Январь 20, 2015 10:07

Хуҷанд, 20.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар давоми соли 2014 дар миқёси вилояти Суғд 357 ҳодисаи нохуши сӯхтор ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷаи гузаронидани чораҳои наҷотдиҳӣ аз ҷониби кормандони оташнишонии вилоятӣ 10 нафар шаҳрванд аз коми сӯхтор наҷот дода шуд. Тавре ки ба АМИТ “Ховар”  аз раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилоят иттилоъ доданд, дар байни ҳалокшудагон кӯдакон нестанд, вале дар умум дар натиҷаи ин миқдор сӯхтор  7 нафар ҳалок гаштанд, ки дар қиёс бо соли 2013 ин нишондод  дар умум 2 нафар кам мебошад. 
Аз шумораи умумии сӯхтори сарзада  267 ададаш дар манзилхои шахрвандон ба амал омадааст. Зарари умумии сӯхтор 9 миллиону 531 ҳазор сомониро ташкил дод. 
Ҳамзамон дар соли 2014 барои дағалона вайрон кардан ва сари вакт иҷро накардани талаботи бехатарӣ аз сӯхтор нисбат ба рохбарони корхонахо ва сохибкорон 36 парвандаи ҷиноӣ ва дар умум 12 731 парвандаи хукувайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Фаъолияти 274 иншоот ва 1486 ҳучраи алоҳида, ки таҳдиди сар задани сӯхторро дошт, боздошта шуд. 
Ба иттилои манбаъ, инчунин пас аз моҳи ноябри соли 2014 дар се маркази савдои бозори шаҳри Хуҷанд пас аз сар задани сӯхтор қарор дода шуд, ки дар соли равон дар 10 бозори калони миқёси вилоят дидбонгоҳҳои оташнишонӣ ташкил шаванд. 

Январь 20, 2015 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид