Надоштани дониши иқтисодию ҳуқуқӣ-мушкил барои хизматчиёни давлатӣ

Январь 6, 2015 17:02

         Душанбе,  06.01.2015. (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода).- Дар соли 2014 1241 нафар довталаб бинобар сабаби надоштани дониши кофӣ ва ҷавобгӯ набудан ба талаботи тахассусӣ аз озмуни  мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ нагузашт. Гурез  Қосимзода-муовини якуми директори  Агентии хизмати  давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ин масъала гуфт: «Ин довталабон  бо сабаби надоштани дониши кофӣ дар соҳаи иқтисод, ки ба соҳаҳои молияву иқтисодӣ дахл дорад, инчунин надоштани дониши ҳуқуқӣ аз озмун нагузаштанд». 
         Номбурда инчунин гуфт, сабабҳои дигари нагузаштани хизматчиён аз озмуни мансаби холии маъмурӣ- ин мувофиқ набудани  хизматчии  давлатӣ бо ихтисосаш мебошад: «Масалан ба шуъбаи иқтисод довталаб ҳатман бо доштани ихтисоси  иқтисодӣ бояд ҳуҷҷат супорад, аммо  ӯ бо доштани ихтисоси омӯзгорӣ  ҳуҷҷат месупорад»,-мегӯяд  Гурез  Қосимзода. Ба гуфтаи мавсуф ҳолатҳое низ мешаванд, ки хизматчиён барои ишғоли вазифаи  мудири бахш ҳуҷҷат пешниҳод мекунанд, аммо маълум мегардад, ки собиқаи меҳнатиашон ба ин мансаб мувофиқат намекунад.
            Дар соли 2014 дар  3647 мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун гузаронида шуда, 2278 нафар довталаб ба мансабҳои холии маъмурии  хизмати давлатӣ таъйин шуд, ки аз ин ҳайат 574 нафар ё 25, 2%  (193 зан) ҷавонони  то 35- сола мебошанд.
 
 

Январь 6, 2015 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст