Нашри «Ганҷинаи ҳикмат»-и Ҷомӣ дар Маскав

Январь 23, 2015 08:32

Душанбе, 23.01.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Нашриёти бонуфузтарини Русия-«Наука», ки мақоми баланди илмиву интишоротӣ дорад, ба муносибати 600-солагии шоир ва мутафаккири барҷастаи тоҷику форс  Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ мунтахаби осори ӯро таҳти унвони «Ганҷинаи ҳикмат» («Кладезь мудрости») бо сифати баланд чоп намуд.
Тибқи иттилои котиби матбуоти Академияи илмҳои  ҶТ  Латиф Латифов китоб аз 522 саҳифа иборат буда, намунаҳои қасидаҳо, ғазалиёт, қитъаҳо, рубоиёт, мураббаъ, маснавиҳо ва «Баҳористон»-и ӯро дар бар мегирад. Дар пешгуфтори  ношири китоб-  раиси кулли Маркази нашри академии Русия, узви вобастаи Академияи илмҳои Русия В.И. Василйев ба таҷлили бошукӯҳи ҷашни шоири бузург дар Тоҷикистон ишора шуда, арзиши баланди маънавию ахлоқӣ ва маърифатии осори ӯ таъкид гардидааст.
Дар китоб мақолаи пурмуҳтавои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Машъали фарҳанги тоҷик» ҷой дода шудаст, ки  муҳимтарин фазилатҳои осори Абдураҳмони Ҷомиро равшан месозад ва вазифаҳои ояндаи ҷомишиносиро муайян менамояд. 
Мақолаи узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мирзо Муллоаҳмад «Ҷомӣ — идомадиҳандаи суннатҳои башардӯстӣ» ба баррасии андешаҳои инсондӯстии шоир ва донишманди бузург ва нақши онҳо дар тарбияи маънавии мардум бахшида шудааст.
Дар тавзеҳоти китоб баъзе калимаву истилоҳот ва талмеҳоти душворфаҳми осори шоир шарҳ дода шудаанд.
Нашри китоби мазкур, бешубҳа, барои шиносоии бештари ханандагони русзабон бо осори шоир мадад расонда, иқдоми шоистае дар тарғиби арзишҳои волои адабиёту фарҳанги тоҷик мебошад.

Январь 23, 2015 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид