Натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист
Душанбе, 13.01.2015 (АМИТ «Ховар», Назири Назир).- Имрӯз дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир шуд. Дар он раиси кумита, муовинҳо, сардорони раёсатҳо ва зерсохторҳо иштирок карданд.
Хайрулло Ибодзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки кумита фаъолияти худро бо мақсади амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори соҳавӣ ба роҳ монда, дар амалӣ намудани сиёсати давлатии экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар соли 2014 корҳои муайянро амалӣ намуд.
Бо мақсади рушди ҳамкориҳо соли гузашта бо ташкилотҳои байналмилалӣ 36 вохўрии роҳбарияти кумита оид ба масъалаҳои муҳити зист доир гардид. Соли гузашта инчунин ҷаласаҳои навбатии Комиссияи байнидавлатии рушди устувори (КБРУ) кишварҳои Осиёи Марказӣ доир гаштанд, ки дар кори онҳо зиёда аз 57 нафар намояндагони давлатҳои аъзои КБРУ ва ташкилотҳои бонуфузи экологии байналмилалӣ иштирок намуданд.
Мувофиқи Созишномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ёддошти тафоҳум байни Муассисаи давлати обуҳавошиносии кумита ва Департаменти оби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба мубодилаи маълумотҳои обсанҷӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ ба имзо расонида шуд.
Дар соли 2014 дар кумита 22 244 санҷиши комплексӣ, соҳавӣ ва фаврӣ гузаронда шуд. Дар натиҷаи санҷишҳо ба субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист — 37250 адад пешни¬ҳод¬и иҷрояш ҳатмӣ дода шуд, ки аз ин 75,3 фоиз иҷро гардид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






