Низомномаи аттестати аълои универсалӣ барои хонандагон
Душанбе, 05.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Низомномаи аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои намунаи махсус” барои хонандагон тасдиқ гардид, -гуфт вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид имрӯз, 5 январ зимни нишасти матбуотӣ.
Ба гуфтаи мавсуф ҳамчунин “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст”. Инчунин лоиҳаҳои “Тартиби қабул ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ”, “Тартиби қабули довталабон-шаҳрвандони хориҷӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” ва “Тартиби қабули донишҷӯён барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ дар соли таҳсили 2014-2015” ва дигар санадҳои муҳими соҳа тасдиқ шуданд.
Зинаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ яке аз зинаҳои асосӣ дар соҳа маҳсуб ёфта, имрӯз шумораи кӯдакистонҳо дар ҷумҳурӣ аз 508 ба 527 адад расидааст, ки нисбат ба соли гузашта 19 адад зиёд мебошад ва аз инҳо 8 адад ба вилояти Хатлон, 9 адад ба вилояти Суғд, 1 адад ба шаҳри Душанбе, 1 адад ба ноҳияи Ҳисор рост меояд. Шумораи кӯдакон дар онҳо аз 76370 нафар ба 80442 нафар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4072 нафар зиёд мебошад, -афзуд вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид зимни ҳисоботи солонаи вазорат ба хабарнигорон.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






