Оғози мусобиқаҳои варзишӣ дар ДМИТ
Душанбе, 12.01.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон байни кормандони Хадамоти гумрук, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) аз 10 то 17 январи соли ҷорӣ мусобиқаҳои варзишӣ дар намуди футболи хурд, волейбол, тенниси рӯи миз ва шоҳмот сурат мегиранд.
Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии донишкада Баҳром Сафаров дар маросими кушоиши мусобиқот гуфт, ки ташкили ин мусобиқа тасодуфӣ нест, зеро ДМИТ аз муассисаҳои таълимиест, ки дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи гумрук саҳми беандоза дорад. Умед аст, ки баргузории ин қабил чорабиниҳои варзишӣ барои таҳкими ҳамкориҳои мо бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим байни ҷавонон мусоидат намояд,-афзуд Б. Сафаров.
Зикр шуд, ки имрӯзҳо тамоми тадбирҳо барои ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим андешида мешаванд, чунки танҳо ҷавонони солим метавонанд барои бунёди Тоҷикистони оянда саҳм гузоранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






