Омӯзиши аввалин гурӯҳи чавгонбозони тоҷик дар Теҳрон

Январь 15, 2015 14:19

 
Душанбе, 15.01.2015 (АМИТ “Ховар”).- Бо ҳамкорӣ ва ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон байни масъулини вилояти Суғд ва Федератсияи чавгони ҶИЭ моҳи ноябри соли 2014 зимни сафари расмии раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба устони Озарбойҷони Шарқӣ бо мақсади зинда намудани бозии қадимии чавгон дар Тоҷикистон ва омӯзиши ин навъи варзиш ба насли ҷавони кишвар тафоҳумнома ба имзо расид. Бар асоси ин тафоҳумнома, 6 нафар чавони тоҷик ҳамроҳ бо 2 мураббӣ аз шаҳри бостонии Хуҷанд ба Теҳрон омаданд ва дар майдони чавгони қасри Фирӯзаи Теҳрон таҳти сарпарастии мураббиёни мутахассис ва ботаҷрибаи Федератсияи чавгони ин кишвар ба таври ройгон ба омӯзиш ва тамрини бозии чавгон, ки аз аввалин навъи бозии тимӣ бо тӯб дар дунё маҳсуб меёбад, пардохтанд. Қарор аст варзишгарони тоҷик дар зарфи ду моҳ аз мураббиён тамоми назокату шеваҳои ин бозиро фаро бигиранд.
Тавре ки коршиноси мизи Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии СҲИ (ЭКО) Шоҳмансури Шоҳмирзо хабар дод, ин маросим 13-уми январи соли равон бо суханронии Неъматулло Эмомзода — Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳамза Илхонизода — раиси Федератсияи чавгони ҶИЭ, Алиашраф Муҷтаҳид Шабистарӣ — раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон дар майдони “Шуҳадои чавгон”-и Теҳрон ба кори худ оғоз намуд.
Сафири Тоҷикистон зимни ташаккур аз меҳмоннавозии масъулони эронӣ, ба аҳамияти фарҳангӣ ва таърихии бозии чавгон ва ҷойгоҳи арзишманди ин навъи варзиш дар фарҳанги порсизабонон ишора намуда, зикр кард, ки зинда намудани чавгон дар Тоҷикистон арҷгузорӣ ба гузаштагон, густариш ва барқарории робитаҳои фарҳангӣ миёни тоҷикону эрониҳо  ва оғози чавгонбозӣ дар саросари ҷумҳурӣ аст ва ин навъи варзиш ҳатман ҷойгузини бузкашӣ хоҳад гардид, ки аз тамаддуни бегона ба мо мерос мондани онро чанд сол қабл Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда буд.
Раиси Федератсияи чавгони ҶИЭ Ҳамза Илхонизода аз фарҳанги муштараки эрониҳову тоҷикон, зарурати густариши равобиту мубодилаҳои осори фарҳангӣ ва истифода аз имконоти якдигар ҷиҳати рушди чавгон ёдоварӣ намуда, иброз дошт, бозии чавгон таърихи беш аз 2 ҳазорсола дорад ва пайдоиши он ба давраи ҳукмронии шоҳаншоҳи Ҳахоманишиҳо Дориюши III рост меояд, ки бар асоси ривояте пеш аз ҳамлаи Искандари Мақдунӣ ба Эронзамин ба ӯ тӯби чавгонро фиристода, ба ҷойи ҷанг баҳсу гуфтугӯи тамаддунҳоро дар миён гузоштааст. Чавгон ба унвони аввалин бозии тимии ҷаҳонӣ бо тӯб моли тамаддуни порсизабонон аст. Дӯстӣ ва муносибатҳои неки ба вуҷуд омада густариш пайдо мекунанд ва дар вақти кутоҳтарин тими миллии Тоҷикистон дар майдон бо дигар тимҳои дунё дар мусобиқаҳо ширкат хоҳанд кард. 
Ҳамчунин Федератсияи чавгони Эрон дар ҳамдастӣ бо масъулини Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ва Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон дар бобати ривоҷу равнақи чавгон дар Эрону Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа кӯшиш ба харҷ медиҳад.
 
 
 
 

Январь 15, 2015 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТАРАННУМИ ВАТАН». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҳисси ватандӯстии ҷавононро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст