Омӯзиши беҳтарин доварони футболи тоҷик дар Туркия
Душанбе, 31.01.2015 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Дар назар аст ҳафтаи оянда беҳтарин доварони футболи Тоҷикистон, ки дар мавсими нав бозиҳои дастаҳои лигаи олиро хизматрасонӣ мекунанд, ҷиҳати гузаронидани ҷамъомади таълимӣ-омӯзишии даҳрӯза ба Туркия сафар кунанд.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи кишвар, рӯзи 5 феврали соли равон дувоздаҳ нафар доварони тоҷик барои иштирок дар ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ ба Анталияи Туркия сафар хоҳанд кард. Доварони тоҷик дар меҳмонхонаи «Аркадия» ҷойгир хоҳанд шуд.
Гуфта мешавад, ин марҳилаи омодагии доварони пешоҳанг ва инчунин доварони ҷавони болаёқати кишвар то 15 феврал идома мекунад. Доваарони кишвар таҳти роҳбарии дастурдиҳанда Абдураҳим Бобоев дараҷаи касбияти худро сайқал дода, ҳамчунин бозиҳои санҷишии дастаҳоеро, ки дар Анталия ҷамъомадҳои омӯзишӣ-машқияшонро мегузаронанд, хизматрасонӣ мекунанд.
Ёдрас мешавем, ки доварони тоҷик бори аввал аст дар таърихи футболи тоҷик ба мавсими нави футбол дар хориҷи кишвар омодагӣ мебинанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






