Ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонон аст
Душанбе, 02.01.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- “Ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонон!”- таҳти чунин ном 30-юми декабри соли 2014 вохӯрии рохбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва сохторҳои маҳаллии он дар вилояти Суғд бо ҷавонон ва устодон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир гардид.
Дар мулоқот Мавсума Муинӣ, муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҷавононро ба саҳмгузорӣ дар беҳдошти ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, рушду ободии диёр ва баланд бардоштани шуҳрати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ даъват намуд.
Тавре ки дар бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд, Мавсума Муинӣ атрофи пешгирии ҷавонон аз ҳама гуна омилҳои номатлуб, аз қабили ҷинояту ҷинояткорӣ ва шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ дахл карда, таъкид дошт, ки ҷавонони имрӯза бояд маърифати баланди ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дошта бошанд.
Дар идомаи силсиламулоқотҳои судманд Мавсума Муинӣ, муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ҳамчунин дар қисми ҳарбии 41356-и дар ноҳияи Б. Ғафуров бо сарбозону афсарон ва ҳайати шахсии қисми низомӣ мулоқот анҷом дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст






