Пардохти 4,3 млн. сомонӣ маблағҳои андӯхти нафақавӣ
Душанбе,13.01.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дар соли 2014 нақшаи андози иҷтимоии инфиродӣ 89,5 фоиз таъмин шуда, ба буҷети агентӣ 69 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба соли 2013 9,3 млн. сомонӣ ё 15,6 фоиз зиёд мебошад. Ин матлабро дирӯз Назокат Одинаева, муовини аввали директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон дар ҷамъбасти солонаи фаъолияти агентӣ иброз дошт.
Назокат Одинаева афзуд, ки барои гирифтани маблағҳои андӯхти нафақавӣ 14 ҳазору 361 нафар муроҷиат намудааст. Дар ин давра ба 14 ҳазору 441 нафар тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ҳаҷми 4,3 млн. сомонӣ маблағҳои андӯхти нафақавӣ пардохта шуд, ки аз ин шумора аризаҳои 1 ҳазору 91 нафараш дар охири соли 2013 ворид гардидааст. Ҳамчунин дар ин давра 1 ҳазору 11 ариза бинобар мувифиқат накардани ҳуҷҷатҳо бозпас гардонда шудааст.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






