Парвандаҳои маъмурӣ нисбат ба 44 соҳибкору 35 сароянда

Январь 27, 2015 17:36

 
Душанбе, 27.01.2015. (АМИТ «Ховар»)-Дар соли 2014 мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 567 адад парванда оид ба вайрон намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиб дода шуда, ҷиҳати чораандешӣ ба судҳо ворид шудааст. Аз 567 парванда 552 адад баррасӣ гардида, 15 адади он дар истеҳсолот қатъ шудааст.  Ошкор намудани қонуншиканиҳо дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чунин аст: вилояти Хатлон 161 адад, вилояти Суғд 209 адад, шаҳри Душанбе 81 адад, ВМКБ 12 адад ва ШНТҶ 104 адад. 
Аз ҷумла, аз тарафи Раёсати танзими анъана ва ташну маросимҳои Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ 61 ҳолати қонуншиканӣ ошкор ва парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд. 
Дар миёни ашхосе, ки талаботи Қонунро нодида гирифтаанд, шаҳрвандони дорои касбу кори гуногун дида мешаванд.
Аз ҷумла, дар ин давра нисбат ба 44 соҳибкор, 7 роҳбари муассиса ва ташкилот, 35 сароянда, 16 масъули тарабхона, 11 хизматчии давлатӣ, 1 корманди ҳифзи ҳуқуқ, 8 омӯзгор, 3 табиб, 3 муҳосиб, 8 донишҷӯ ва дигар шахсон барои нақзи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати чораандешӣ ба судҳо ирсол гардидаанд. 
Ҷои зикр аст, ки дар соли 2014 дар ҳудуди вилояти Хатлон 161, Суғд 209, шаҳри Душанбе 81, ВМКБ 12 ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 104 ҳолати вайрон гардидани талаботи қонуни мазкур ба қайд гирифта шудааст. 
 

Январь 27, 2015 17:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст