Пешгирӣ аз фурӯши 1147 тонна маҳсулоти бесифату хатарнок
Душанбе, 09.01.2015. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми соли 2014 ба миқдори умумии 1147 тонна маҳсулоти хӯроквории бесифат ва хатарнок дар қаламрави ҷумҳурӣ аз муомилот гирифта шуда, тибқи тартиби муқарраргардида нисбат ба онҳо тадбирҳо андешида шуданд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо Бахтиёр Шукурзода иттилоъ дод.
Вай афзуд, ки дар давоми соли сипаригардида дар озмоишгоҳҳои маҳсулоти ғизоии Агентии «Тоҷикстандарт», аз ҷумла 129,353 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 154,38 тонна равғани растанӣ, 9,84 тонна маҳсулоти макаронӣ, 321,5 тонна орд, 15725,8 дал нӯшокии спиртӣ, 27691,8 дал нӯшокии ғайриспиртӣ, 7,74 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 183,77 тонна маҳсулоти ғаллагӣ, 12,3 тонна иловагиҳои хӯрокӣ, 2,029 тонна маҳсулоти ширӣ, 15,381 тонна консерваҳо, 136,26 тонна меваю сабзавот ва даҳҳо намуд маҳсулоти дигари истеҳсоли ватанию воридотӣ ғайристандартӣ дониста шуда, тибқи тартиби муқарраргардида аз нав коркард ва ё нобуд шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






