Пешниҳоди 25 навъи зироати кишоварзӣ ба Комиссияи давлатӣ
Душанбе, 15.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Корҳои илмию таҳқиқотӣ доир ба ҳалли масълаҳои рӯзмарраи рушди соҳаи кишоварзӣ аз рӯйи 75 мавзӯъ дар 9 муассисаи илмии Академия, аз ҷумла институтҳои зироаткорӣ, боғпарварию сабзавоткорӣ, хокшиносӣ, чорводорӣ, ветеренарӣ, масоили амнияти биологӣ, иқтисодиёти кишоварзӣ, Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ ва Стансияи таҷрибавии кишоварзии Помир пеш бурда шуданд. Дар ин муассисаҳо 1114 нафар корманд, аз ҷумла 512 ходими илмӣ, аз онҳо 25 доктор ва 116 номзади илм, 5 академик ва 8 аъзои вобастаи АИКТ ба таҳқиқоти илмӣ сафарбар гардид,- гуфт Сиҷоуддин Исроилов, муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 15-уми январ зимни нишасти матбуотӣ.
Дар соли 2014 25 навъи зироати кишоварзӣ ба Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии ҶТ барои санҷиши истеҳсолӣ супорида шуд ва 8 навъи он минтақабоб гардид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






