Прокуратураи Душанбе: бархе директорони мактабҳо шоистаи унвони муаллим нестанд
Душанбе, 09.01.2015. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат).- Бархе директорони макотиби пойтахт, ки соли 2014 нисбат ба онҳо парвандаҳои ҷиноӣ кушода, вале баъди ба мавқеи иҷро расидани қонун «Дар бораи авф» гуноҳашон бахшида шуда буд, ҳуқуқи ишғол намудани мансабҳояшонро надоранд.
Чунин буд фикри ёвари калони прокурори шаҳри Душанбе Сафо Гадозода дар ҷараёни ҷаласаи ҳайати раёсати маорифи шаҳри Душанбе, ки 7 январ дар Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Мувофиқи суханони номбурда, соли 2014 Прокуратураи шаҳри Душанбе нисбат ба 32 нафар муаллимони мактабҳои пойтахт, аз ҷумла нисбат ба 8 директори макотиб аз рӯи моддаҳои мухталифи Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла барои фаъолияти дорои хусусияти ришвагирӣ парвандаҳои ҷиноӣ кушода буд.
Қобили зикр аст, ки ёвари прокурори шаҳр дар ҷараёни ҷаласа рӯйхати ҳамаи муаллимону директорони мактабҳоеро, ки ба қонуншиканӣ роҳ додаанд, қироат карда, аз онҳо хоҳиш намуд, ки аз ҷойашон бархезанд, то ҳамаи ҳозирон онҳоро бо чашми худ бинанд.
Дар ин чорабинӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Руқия Қурбонова, сардори Раёсати маорифи пойтахт Ҳамидулло Фақеров, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, директорон ва муаллимони макотиби шаҳри Душанбе ширкат доштанд.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






