Прокуратураи Душанбе: бархе директорони мактабҳо шоистаи унвони муаллим нестанд

Январь 9, 2015 10:11

Душанбе,  09.01.2015. (АМИТ «Ховар»,  Марҳабои  Азамат).- Бархе  директорони  макотиби  пойтахт, ки соли  2014  нисбат ба  онҳо парвандаҳои  ҷиноӣ  кушода,  вале  баъди ба  мавқеи  иҷро  расидани  қонун «Дар  бораи авф»  гуноҳашон бахшида шуда буд, ҳуқуқи  ишғол намудани  мансабҳояшонро  надоранд.
Чунин  буд  фикри ёвари  калони  прокурори  шаҳри  Душанбе  Сафо  Гадозода дар  ҷараёни ҷаласаи  ҳайати раёсати  маорифи   шаҳри  Душанбе, ки  7  январ  дар Маркази  кӯдакону  наврасони   шаҳри  Душанбе  баргузор гардид.
Мувофиқи  суханони   номбурда,  соли  2014 Прокуратураи  шаҳри  Душанбе  нисбат ба 32  нафар  муаллимони  мактабҳои пойтахт, аз  ҷумла нисбат ба 8  директори макотиб  аз рӯи   моддаҳои  мухталифи  Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  аз ҷумла барои  фаъолияти дорои   хусусияти  ришвагирӣ парвандаҳои ҷиноӣ кушода  буд. 
Қобили  зикр  аст, ки ёвари прокурори  шаҳр дар  ҷараёни  ҷаласа  рӯйхати  ҳамаи  муаллимону  директорони  мактабҳоеро, ки ба  қонуншиканӣ  роҳ додаанд,  қироат  карда,  аз  онҳо  хоҳиш  намуд, ки  аз  ҷойашон  бархезанд, то ҳамаи  ҳозирон онҳоро бо  чашми  худ  бинанд.
Дар  ин  чорабинӣ  муовини раиси   шаҳри  Душанбе  Руқия  Қурбонова, сардори Раёсати  маорифи  пойтахт  Ҳамидулло  Фақеров, мудирони  шуъбаҳои  маорифи  ноҳияҳои  пойтахт,  директорон ва  муаллимони  макотиби  шаҳри  Душанбе  ширкат  доштанд.

Январь 9, 2015 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад