Рӯзномаи «Хатлон» сомонаи худро таъсис дод

Январь 3, 2015 10:16

Қурғонтеппа, 03.01.2015. (АМИТ «Ховар» Муроди Мурод). -«Хатлон» — нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шабакаи ҷаҳонии интернет дорои сомонаи худ гардид. Ҳамакнун бо нишонии www.khatlon-ruznoma.tj истифодабарандаҳои интернет ва муштариёни рӯзнома метавонанд ҳамарӯза бо ахбори тозатарини вилояти Хатлон, мақолаҳои таҳлилӣ, гузоришҳои мусаввар ва ҳатто матолиби чандрасонаии иборат аз видео, аудио ва инфографикаҳо шинос шаванд. Асалмо Сафарова, сармуҳаррири нашрияи «Хатлон» гуфт, ки ҳадаф аз таъсиси сомона- зиёд кардани хонандагон, таъмини дастрасии бештару оҷилӣ ба хабарҳо ва таҳкими робита бо муштариёну алоқамандони рӯзнома мебошад. «Ҳоло шумораи обуначиёни нашрияи «Хатлон» ба 11 ҳазор нафар мерасад. Тавассути сомонаи www.khatlon-ruznoma.tj мехоҳем на танҳо хатлониҳо, балки сокинони дигар манотиқи Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзиро ҳам бо рӯйдоду таҳаввулоти вилоятамон ошно созем. Дар сомона ҳамчунин ҳар як шумораи рӯзнома дар шакли ПДФ қобили дастрасӣ хоҳад буд», — зикр кард А. Сафарова.Ба иттилои А. Сафарова бо мақсади иттилоотонии бештари мардум, пешниҳоди муҳимтарин воқеаю рӯйдодҳои вилоят дар назар аст, ки дар ояндаи наздик нашрияи «Хатлон» ҳафтае ду маротиба нашр гардад.Гуфтанист, ки сомонаи нашрияи «Хатлон» аз бахшҳои «Хабарҳои Хатлон», «Сиёсат», «Иқтисоду тиҷорат», «Матолиби чандрасонаӣ», «Беҳдошт ва экология», «Маориф ва илм», «Арсаи кишоварзӣ», «Ҳаёти иҷтимоӣ», «Ҳуқуқ ва амният», «Ҷавонон ва варзиш», «Адабиёту ҳунар» ва ғайра иборат аст.Нашрияи «Хатлон» нахустин расонаи хабарии давлатӣ дар вилояти Хатлон мебошад, ки сомонаи интернетии худро таъсис додааст.

Январь 3, 2015 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст